LIVE

Это’О ба Муҳаммад Салоҳ чӣ маслиҳат додааст?

Собиқ ҳамлавари “Барселона” Самуэл Это’О хабар додааст,ки мехоҳад ба ҳамлавари “Ливерпул”- Муҳаммад Салоҳ маслиҳат диҳад,то ба бошгоҳи каталонӣ гузариш намояд,агар Салоҳ албатта хоҳиши аз бошгоҳи англисӣ рафтанро дар дил мепарварад. 
“Ман услуби “Барселона”-ро медонам ва фикр дорам,ки ин услуб барои Салоҳ дуруст меояд. Агар ӯ имкони дар беҳтарин лигаи ҷаҳонӣ бозӣ карданро ба даст орад,пас ӯ бояд ба “Барселона гузариш намояд.  Ӯ барои беҳтарин фуболбози ҷаҳон шудан ҳама чизро доро аст”, иқтибос меорад Goal аз суханони  Это’О.
Ёдрас мешавем,ки дар мавсими сипаригардида Салоҳ 52 маротиб дар ҳайати “Ливерпул” ба майдон омада, дар ҳисоби хеш 27 гол ва 13 партофти головар номнавис кардааст. Ҳамчунин дар ҳайати “Ливерпул” ин ҳамлавари мисрӣ ғолиби Лигаи Қаҳрамонҳои мавсими солҳои 2018/19 гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив