LIVE

Разми ду дастаи англисӣ барои соҳиб шудани Суперҷоми УЕФА

Имрӯз, 14-уми август дар дили шаб бозии Суперҷоми УЕФА байни бошгоҳҳои “Ливерпул” ва “Челси” баргузор мешавад. Пеш аз оғози мавсим шабакаи ВВС маводеро нашр кард, ки ин мавсим “Ливерпул” қобилияти ба даст овардани ҳамаи 7 ҷоиза: Чемпионати Англия, Ҷоми Англия, Ҷоми Лига, Суперҷоми Англия, Лигаи чемпионҳо (ё Лигаи Аврупо, агар дар гурӯҳаш зинаи сеюмро ишғол кунад), Суперҷоми Аврупо ва Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳоро дорад. 10 рӯз қабл “сурхпӯшҳо” дар Суперҷоми Англия аз силсилазарбаҳои пеналтӣ аз рақиби азалиашон “Манчестер Сити” шикаст хӯрданд. Шаш ҷоиза низ хуб аст, ин ҳам як рекорд ба ҳисоб меравад. 

“Челси” қобилияти ба даст овардани ҷоизаро дорад. Баъди тарки ситораи асосии даста – Эден Азар бошгоҳи “Челси” хеле заифу нотавон шудааст. Шогирдони мутахассиси англисӣ дар оғози рақобатҳои ПЛА аз дасати “МЮ” бо ҳисоби калони 4:0 шикаст хӯрданд. Баъди ин вохӯрӣ коршиносон бар он ақидаанд, ки “ашрофзодаҳо”-ро мавсими сахту сангин дар пеш аст. Хулоса, дар бозӣ байни “Ливерпул” ва “Челси” кӣ пирӯз мешавад?, инро танҳо вақт нишон хоҳад дод. Рақобати дастаҳо имшаб соати 23:55 тавассути ТВ “Футбол” мустақиман манзури тамошобинон мегардад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив