LIVE

Роҳбарии “Марсел”-и овозадорро португалиҳо бар душ гирифтанд

Мутобиқи хабаргузориҳои расмии бошгоҳи футболи “Марсел” сармураббии ин тим шуруъ аз мавсими нав Андре Виллаш-Боаш хоҳад буд. Ба ситоди кории ин мутахассиси португалӣ ҳамчунин собиқ  ҳимоятгари “Реал” ва “Челси” Рикарду Карвалю ворид гардидааст.

 Шартномаи корӣ бо ин мутахассиси португалӣ бошад ду сол мӯҳлат дошта, аз санаи 1-уми июл мавриди амал қарор хоҳад  гирифт.

“Мо хушҳолем  мураббиеро даъват намудем,ки аз комёбии  ӯ  дар сатҳи хеле  баланд дар Аврупо ва ҷаҳон эътироф кардаанд. Фалсафа ва назари Андре Виллаш-Боаш нисбати бозӣ ба оне мутобиқ аст,ки мо дар “Марсел” онро дидан мехоҳем ва албатта ин интихоб лоиҳаи моро  пас аз мавсими хавотиркунанда нерӯи нав мебахшад”-изҳор намудааст молики бошгоҳи “Марсел” Франк Маккорт.

 Ёдовар мешавем,ки дар вазифаи сармураббии “Марсел” Виллаш-Боаш Руди Гарсияро иаз намуд. Нафаре,ки бо анҷоми мавсим  бо “ҷанубиҳо” хайрухуш намуд. Дар мусобиқоти Лигаи якуми мавсими солҳои 2018-19 “Марсел” мақоми панҷумро ишғол  намуда,   мавсими оянда бе сабқатҳои аврупоӣ монд.

 Виллаш-Боаш бошад аз соли 2014 то соли 2016 “Зенит”-и Петербургро тамрин намуда, ҷои кори охирини ин португалӣ “Шанхай СИПГ”-и  чиноӣ мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив