LIVE

Далер Кузяев барои наврасони 17 сола барор хост

Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби Русия ва "Зенит" Далер Кузяев баъди анҷоми бозӣ миёни дастаҳои наврасони Тоҷикистон U-17 ва Туркия U-17 ҳамроҳ бо падараш ба утоқи либосивазкунии футболбозон даромад. Ӯ бозингарони навраси тоҷикро дилбардорӣ намуда, чунин қайд кард: "Бе бохт ғалаба ба даст намеояд. Ба Шумо дар чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразилия барор мехоҳам." Ёдовар мешавем, ки дидори дастаҳои наврасони Тоҷикистону Туркия дар Ҷоми Валентин Гранаткин-2019 бо ҳисоби калони 5:0 ба фоидаи туркҳо ба анҷом расид. Ҳамин тавр футболбозони тоҷик имконияти идома додани рақобатро дар даври нимниҳоӣ аз даст доданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив