LIVE

Гузариши Марио Фернандес ба сафи «Зенит»

Собиқ дифоъгари КМВА Марио Фернандес бозигари «Зенит» гардид.
Бошгоҳи петербургӣ оиди имзокунии шартнома бо  футболбози 32-сола эълон намуда, бозигари бразилитабори Россия ба тими наваш чун футболбози озод гузариш кард. Қарордоди корӣ як сол мӯҳлат дошта, имкони тамдидшавии он ба як соли дигар ҳам вуҷуд дорад.
Пештар хабар дода мешуд, ки «Зенит» шартномаи футболбозро аз «Интернасионал» бар ивази 360 ҳазор евро харидорӣ намуда, собиқ бозигари мунтахаби Россия дар тими наваш солона 2 млн евро ба даст меорад.
Фернандес дар сафи артишиёни Москва аз соли 2012 баромад карда, соҳиби 10 ҷоиза шудааст. Ӯ ҳамчунин 33 маротиба дар сафи мунтахаби Россия ба майдон омадааст.
Моҳи майи соли 2022 дифоъгар маснади варзишияшро боздошта, танҳо моҳи декабри соли гузашта вақти имзокунии шартнома бо «Интернасионал» аз нав ба футбол пардохт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив