«ПСЖ» дар сомонаи расмии хеш оиди имзокунии шартнома бо дифоъгар Милан Шкриняр эълон намуд.
Қарордоди кории словакии 28-сола бо парижиҳо то санаи 30-юми июни соли 2028 мӯҳлат дорад.
Рӯзи 30-юми июн мӯҳлати шартномаи Шкриняр бо «Интер» анҷом ёфта буд. Дифоъгар дар сафи «нерадзурриҳо» аз соли 2017 баромад намуда, дар сафи тими миланӣ 246 бозӣ гузаронид, 11 гол зад ва 5 партофти голӣ ирсоли ҳамдастагон намуд.
Дар ҳайати «Интер» Шкриняр ғолиби чемпионати Италия (2020/21), Ҷоми Италия (2021/22, 2022/23) ва Суперҷоми Италия (2021 и 2022) гардидааст.