LIVE

«Бавария» оиди гузариши дифоъгар Рафаэл Геррейру аз «Боруссия» эълон кард

«Бавария»-и Мюнхен дар сомонаи расмии хеш аз гузариши дифоъгари канорӣ Рафаэл Геррейру аз «Боруссия»-и Дортмунд эълон намуд.
Дифоъгари 29-сола баъди анҷоми мӯҳлати шартнома бо «Боруссия»-и Дортмунд ба сафи тими наваш чун футболбози озод гузариш кард. Қарордоди кории Геррейру бо «Бавария» то моҳи июня соли 2026 мӯҳлат дорад. 
То гузариш ба сафи «Боруссия» Геррейру танҳо дар тимҳои фаронсавӣ баромад мекард. Футболбози португалӣ, ки дар Фаронса таваллуд шудааст, дар ҳайати «Кан» ва «Лорян» бозӣ кардааст. Аз соли 2016 бошад узви дастаи «Боруссия»-и Дортмунд буд.
Дар 36 бозии «Боруссия» дар мавсими қаблӣ Геррейру муаллифи шаш гол ва  14 партофти голӣ гардидааст.
Геррейру вақти баромад дар сафи даста аз шаҳри Дортмунд ду маротиба Ҷоми Олмонро соҳиб шуда, як маротибаи дигар Суперҷоми ин кишварро тори сар бардоштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив