LIVE

«Бавария» имрӯз оиди имзокунии шартнома бо собиқ бозигари «Боруссия» эълон мекунад

«Бавария»-и Мюнхен имрӯз бо собиқ дифоъгари      «Боруссия»-и Дортмунд Рафаэл Геррейру шартномаи корӣ имзо мекунад, иттилоъ медиҳад хабаррасони маъруф Флориан Плеттенберг дар шабакаҳои иҷтимоии хеш.
Аз рӯи маълумоти Плеттенберг  Геррейру имрӯз аз муоинаи тиббӣ мегузарад ва баъдан бо тими нав шартномаи корӣ имзо мекунад. Шартнома миёни бозигар ва бошгоҳ то охири мавсими-2025/26 амал хоҳад кард.
Дар мавсими-2022/2023 дар ҳисоби Геррейру 37 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳои «Боруссия» буда, ӯ бо шаш гол ва  13 ассист аз майдон берун шудааст. Дифоъгари португалӣ дар сафи «орӯҳо» дар масири ҳафт сол (аз соли 2017) баромадӣ мекард. Ӯ бо дастаи дортмундӣ ду Ҷоми Олмон ва як Суперҷоми Олмонро ба даст овард. Арзиши тахминии бозигари португалӣ тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt  –20 млн евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив