LIVE

«Ювентус» Алекс Сандроро аз даста ҷавоб медиҳад

«Ювентус»-и Турин мехоҳад, ки аз дифоъгари бразилияш Алекс Сандро ҷудо шавад, иттилоъ медиҳад хабаррасон  Николо Скира дар шабакаҳои иҷтимоии хеш.
Аз рӯи маълумоти Николо Скира бошгоҳи итолиявӣ омодаи фурӯши бозигар ва ҳатто қатъи шартнома бо Сандро бо розигии тарафайн мебошад.  Хабар дода мешавад, ки ин бозигари бразилӣ барои ду тими Арабистони Саудӣ писанд омадааст. Бар замми ин пешниҳодоти дақиқ нисбати ин бозигар аз дастаҳои дигар наомадааст.
Шартномаи бозигари бразилӣ бо «Ювентус» охири мавсими навбатӣ анҷом меёбад. Сандро дар бошгоҳи туринӣ ҳарсола  6 млн евро ба даст меорад ва бар замми ин ба ӯ боз иловапулиҳо дар ҳаҷми 1 млн евро пардохт карда мешавад.
Дар мавсими-2022/2023 Алекс  Сандро дар 37 бозиҳои «Ювентус» ба майдон омада, муаллифи се партофти голӣ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив