«Тоттенҳэм»-и Лондон намехоҳад, ки аз ҳамлавари кореягии хеш Сон Хин Мин ҷудо шавад. Дар ин бора хабаррасон Фабрисио Романо дар саҳифаи «твиттер»-аш хабар медиҳад.
Новобаст аз он, ки иштиёқ нисбати ин бозигар аз ҷониби тимҳои Арабистони Саудӣ зиёд аст, фурӯши Сон Хин Мин дар нақшаҳои «Тоттенҳэм» нест. Қайд карда мешавад, ки «лондониҳо» то ҳол пешниҳодҳои дақиқ аз ҷониби бошгоҳҳои ин кишвар қабул накардаанд. Бо вуҷуди ин худи бозигари кореягӣ ният дорад, ки идомаи маснади варзишӣ дар «Тоттенҳэм» намояд.
Пештар хабаре баромад, ки тими «Ал-Иттиҳод», ки чанде пеш ҳамлавар Карим Бенземро шомили тим намуда буд, омодаи харидории Сон бар ивази 60 млн евро мебошад. Ҳамчунин тими арабӣ ба ӯ маоши кории солона дар ҳаҷми 30 млн евро пешниҳод кардааст.
Дар доираи бозиҳои Премер-лигаи мавсими -2022/2023 Сон 36 бозӣ маротиба вориди бозӣ шуда, бо 10 голу шаш партофти голӣ аз майдон берун шудааст.