LIVE

«Арсенал» ба Кай Хаверс шартномаи панҷсола пешниҳод кард

Ҷузъиёти шартномае, ки «Арсенал»-и Лондон ба нимҳимоягари олмонии «Челси» Кай Хаверс пешниҳод кардааст, маълум шуданд.
Аз рӯи маълумоти хабаррасони маъруфи итолиявӣ Николо Скира «канонирҳо» ба Хаверс шартномаи мӯҳлаташ то соли 2028 пешниҳод кардаанд.
Дар мавсими-2022/2023 дар ҳисоби Хаверс 47 бозӣ буда, ӯ нӯҳ гол ва як ассист дар ҳисобаш дорад.
Шартномаи бозигари олмонӣ бо тими лондонӣ бошад то охири моҳи июни соли 2025 мӯҳлат дорад. Арзиши эҳтимолии футболбоз ба қавли сомонаи Transfermarkt  – 60 млн евро аст.
Пештар хабар дода мешуд, ки нисбати Хаверс «Реал» таваҷҷӯҳ дорад, аммо баъдан маълум гардид, ки тими мадридӣ аз нияти имзокунии шартнома бо ҳамлавари олмонӣ даст кашидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив