LIVE

Ситораи наве аз Бундеслигаро "Барселона" хариданист

Нилунориҳо мехоҳанд,ки яке аз пуристеъдодтарин нафарони футболии Олмонро ба Камп Ноу биёранд ва ин ҳам Кай Хаверс аз тими Байер аст.
Чӣ тавре  Tribal Football мегӯяд, каталониҳо омодаанд,ки баҳри ба даст овардани Хаверс яку якбора се футболбозро  ба иртибот бароранд. Инҷо гап сари Эмерсон (нафаре,ки дар Бетис дар иҷора аст),  Марк  Кукуреля ва  Карлес Аленя меравад (ин нафар низ дар «Бетис» дар иҷора аст).
Худи Кай бошад дар чемпионати Олмони аз нав эҳёшуда  22 бозӣ намудаву бо шаш голу панҷ партофти головар аз майдон берун шудааст. Маҳз ҳамин омори ҷолибу истеъдоди фавқуллода Хаверсро ба оне расонидааст,ки дар бозори трансферӣ аз барояш ҷанг аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив