LIVE

Расман: Хуниор Фирпо футболбози "Барселона"

Ниҳоятан гузариши дифоъгари ҷавони бошгоҳи “Реал Бетис” ва мунтахаби Испания - Хуниор Фирпо ба ҳайати каталониҳо ба анҷом расид. Футболбози 22 сола бо дастаи “Барселона” то 30-юми июли соли 2024 қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Маблағи гузариши Хуниор ба “Барселона” 30 млн евроро ташкил медиҳад. Аслан “нилунориҳо” Хуниор Фирпоро ҳамчун ҷойгузини Алба ба даста даъват намуданд. Фирпо дастпарвари бошгоҳи “Бетис” ба шумор рафта, дар мавсими 2018/19 дар 38 бозии тимаш 5 голро таслими дарвозаи рақибон намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив