LIVE

Расман: Митчел Баккер футболбози “ПСЖ” шуд

Бошгоҳи футболи “ПСЖ” дар сомонааш аз гузариши дифоъгари дастаи “Аякс” Митчел Баккер расман иттилоъ дод. Футболбози 19 солаи ҳолландӣ бо дастаи фаронсавӣ қарордоди ҳамкории 4 сола ба имзо расонидааст. Дар сарчашма маблағи гузариши бозигар гуфта нашудааст. Баккер соли 2017 шомили ҳайати “Аякс” гардида буд. Дар мавсими гузашта, футболбоз дар 22 бозии ҳайати ҷавонони “Аякс” вориди майдон шуда, ба номаш се голро сабт намудааст. Мақсади асосии “ПСЖ” ба даст овардани сарвони “Аякс” Маттейс де Лигт буд, аммо худи футболбоз аз гузариш ба дастаи “ПСЖ” даст кашид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив