LIVE

Расман: Андре Гомеш футболбози нави «Эвертон»

Бошгоҳи футболи «Барселона» дар сомонааш аз гузариши ниммуҳофизатгари Андре Гомеш ба дастаи «Эвертон»-и шаҳри Ливерпул расман иттилоъ дод. Маблағи гузариши Андре ба бошгоҳи англисӣ 25 млн евроро ташкил медиҳад. Муҳлати қарордод байни даста ва футболбози португалӣ муддати 5 солро ба таркиб дорад. Хотиррасон мекунем, ки Гомеш мавсими гузаштаро ба ҳайси иҷора маҳз дар «Эвертон» сипарӣ намуда буд. Бозигари португалӣ дар 27 бозии «Эвертон» вориди майдон шуда, ба задани як тӯб даст ёфтааст. Андре Гомеш соли 2016 аз тими «Валенсия» бо арзиши 37 млн евро ба «Барселона» гузариш намуба буд.

Next Post

Комментарии 1

Fanat Real Madrid
Fanat Real Madrid от 27 июня 2019 13:38
Ташаккур барои хабарҳоӣ трансферӣ.Хабарҳои трансферӣ зиёд шавад илтимос.

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив