LIVE

Расман: Антуан Гризманн футболбози нави "Барселона"

Ниҳоят он рӯз ҳам фаро расид рӯзе, ки мухлисони “Барселона” дер боз интизораш буданд. Яке аз трансферҳои пурсарусадотарин дар таърихи футбол, ин гузариши ҳамлавари 27 солаи фаронсавии бошгоҳи “Атлетико Мадрид” – Антуан Гризманн ба шумор меравад, ки тӯли ду моҳи охир тамоми сомонаҳои варзишии ҷаҳонро ба ларза дароварда буд. Имрӯз, 12-уми июл ниҳоятан сомонаи расмии “нилунориҳо” аз гузариши ситораи “Атлетико” – Ангуан Гризманн ба даста расман хабар дод. Тибқи маълумоти сарчашма, маблағи гузариши Гризманн ба “Барселона” 120 млн евроро ташкил медиҳад. Қарордод байни даста ва футболбоз ба муддати 5 сола ба имзо расонида шудааст. Ҳар дастае, ки харидори Гризманн пайдо мешавад, бояд ки ба хазинаи “Барселона” 800 млн евро пардохт намояд. Антуан соли 2014 шомили ҳайати “Атлетико” гардида буд. Дар мавсими гузашта, футболбоз 21 гол ва 10 партофти головарро марбути номи хеш намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив