LIVE

Хаби Алонсо аз системаи “Мадрид” берун мешавад

Дар пешорӯи мавсими нав системаи футболии “Мадрид” бархурди таъғиротҳои нав ба наве шудааст. Чӣ тавре ҳафтаи қаблӣ нашрияи AS хабар дода буд, собиқи сарвони “Реал  Мадрид” Раул Гонсалес бо паси сар намудани  чанд   зина ва тамриндиҳии кӯтоҳмуддати «Хувенил В» ба якборагӣ “Кастиля”-ро қабул мекунад. Нафаре,ки умуман дар системаи бошгоҳии ”Ла Фабрика” намемонад, ин Хаби Алонсо аст,ки қарор кардааст Мадридро тарк намояду баҳри идомаи фаъолияти корӣ роҳ пеш гирад самти “Реал Сосйедад”.
Ҳануз оғози моҳи май президенти «Реал Сосйедад» Хокин Аперрибай бо Хаби дидор анҷом дод ва ба ӯ пешниҳоди бозгашт ба хона ва ишғоли вазифаи мураббигӣ дар тимҳои наврасонро пешниҳод намуда буд. Маҳз то ҳамин маврид  Хаби дар андешаи қабули ин пешниҳод буд ва ахиран санаи 10-уми май Аперрибай дар мавриди шартномаи корӣ бо Алонсо ба таври расмӣ эълон намуд.
Ҳамин тариқ Хаби  “Мадрид”-ро пас аз мавсими нахусти бобарор  бо «Инфантил А» тарк менамояд. Чанд рӯз пеш Хаби дар саҳифаи Истаграми хеш чунин сатрҳоро нашр намуда буд: “Ифтихор мекунам,ки чунин қаҳрамонҳоро тамрин додам. Ташаккур барои ҳамаи он чизе,ки ба ман омӯхтед”.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив