LIVE

«Реал» Ҳакимиро бо Холанд иваз мекунад

«Реал» то ба ҳол нақшаи ба даст овардани ҳамлагари умедбахши  «Боруссия» - Эрлинг Холандро таҳррезӣ мекунад. Тавре сомонаи  AS хабар дод, “бошгоҳи шоҳона” барои ба хубӣ анҷом ёфтани муомилот омодааст, ки муҳофизатгари худ - Ашраф Ҳакимиро дар гузариши Эрлинг Холанд ҳамроҳ созад. 
Ашраф Ҳакимӣ дастпавари «Реал» буда, мавсими дуюмро ҳамчун иҷора дар дастаи «Боруссия» мегузаронад ва дортмундиҳо мехоҳанд, ки муҳофизатгари марокаширо бозигари худ созанд. 
Дар мавсими ҷорӣ муҳофизатгар бо пироҳани «Боруссия» 25 бозӣ гузаронида, ба задани 3 гол ва 10 партофти головар даст ёфтааст. 
Холанд дар мавсими гузариши зимистона ба бошгоҳи олмонӣ омад ва дар 9 бозӣ 10 гол зад. Қарордоди ӯ бо «Боруссия» то соли 2024 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив