LIVE

«Реал» ба хотири Холанд аз Мбаппе даст кашид

«Реал» ба хулосаи омад, ки дар ояндаи наздик кӯшиш барои ба даст овардани ҳамлагари  19 солаи дастаи олмонии «Боруссия»  Дортмунд - Эрлинг Холандро мекунад ва аз фикри харидории нишонзани клуби  «ПСЖ» - Килиан Мбаппе даст кашид.  
Ба иттиллои  The Sun роҳбарияти бошгоҳи шоҳона тобистони соли равон дар фикри бастани шартнома бо Холанд аст. 
Ҳамлагари 19 солаи нарвегиягӣ аз тими «Залтсбург» ба «Боруссия» гузариш намуд ва дар 8 бозӣ ба задани 12 гол даст ёфтааст. 
Дар қарордоди Холанд бо дортмундиҳо, ки ба муҳлати  4,5 сол баста шудааст,  банде мавҷуд аст ва тибқи он футболбоз соли 2021 имкон дорад, ки бо арзиши 65 миллион фунт дастаро тарк кунад.  
Ҷониби «Реал» бошад, ба хулосае омод, ки бо ӯ тобистони соли 2020 қарордод бандад. Ба назари мадридиҳо аз лиҳози иқтисодӣ ин беҳтар аст назар ба Мбаппе, ки «ПСЖ»  барои ӯ 250 миллион фунт талаб дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив