LIVE

Холанд аввалин шуда дар ЛЧ бо пироҳани ду даста бозӣ кард

Ҳамлагари дастаи «Боруссия» - Эрлинг Холанд дар ҳайати асосии дастааш бар муқобили «ПСЖ»-и Фаронса дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо ба майдон баромад ва ба задани ду гол даст ёфт. 
Бад-ин тартиб Холанд нахустин  футболбозе гардид, ки дар таърихи Лигаи Чемпионҳо дар ҳайати дастаҳои гуногун бозӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Холанд дар аввали мавсим дар ҳайати «Ред Булл Залтсбург» баромад карда буд. Ӯ дар ҳайати клуби австриягӣ 6 вохӯрӣ анҷом дода, ба задани  8 гол даст ёфтааст. 
Холанд ба «Боруссия» аз «Ред Булл» моҳи январ гузариш намуда, дар Бундеслига 8 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив