LIVE

Мино Райола: Холанд “МЮ”-ро нахост

Мино Райола агенти ҳамлагар Эрлинг Холанд мушкилоти нагузаштани футболбози мазкурро ба “Манчестер Юнайтед” шарҳ дод. 
"Манчестер Юнайтед” – ягона дастае буд, ки Холанд зиёд бо ӯ гуфтушунид анҷом дод. Мо низ хостем то ҳамлагар ба назди Сулшер равад, чунки ҳамдигарро хуб мешинохтанд. 
Холанд бошад, дар ниҳоят эҳсос намуд, ки гузаришаш ба “МЮ” айни замон иқдоми хатост. Ягон мушкилоти шахсӣ миёни ман ва “МЮ” нест, инҷо худи футболбоз  “Боруссия” Дортмундро  интихоб кард ва хост ба онҷо гузариш кунад. Агар ӯ Манчестер Юнайтедро мехост бас ин кор ҳали худро пайдо мекард. Ҳарчанд девҳои сурх пешниҳоди хуб карда буданд”, гуфтааст Мино Райола.
Ёдовар мешавем, ки “Боруссия” гузариши футболбози 19 соларо аз тими “Залтсбург” 20 миллион евро эълон намуд, аммо баъдан маълум гардид, ки дортмундиҳо барои ӯ дар маҷмуъ 100 миллион евро сарф кардаанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив