LIVE

Холанд дар аввалин бозиаш дар Боруссия хет-трик намуд

Ҳамлагари  ҷадиди "Боруссия" Д Эрвинг Холанд дар бозии нахустинаш дар Чемпионати Олмон ба задани се гол даст ёфта, хет-трикро марбути номи худ сохт. Ҳамлагари норвегиягӣ, ки чанде пеш аз  "Залтсбург" ба "Боруссия" гузариш намуд, аз курсии захиравӣ ба майдон баромада, баъд аз се дақиқаи майдондориаш ба дарвозаи "Аугсбург" голзанӣ намуд. Зимни ба майдон баромадани ҳамлагари 19 сола дортмундиҳо ба шикаст дучор мешуданд ва хет-трики ӯ имкон дод, ки "Боруссия" Д камбэк намуда, бо ҳисоби 5:3 ғалаба намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив