LIVE

Ғалабаи душвори “Боруссия”

Дар яке аз бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи Бундеслигаи Олмон дастаҳои “Герта” ва “Боруссия” – и Дортмунд майдондорӣ карданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Олимпиштадион” – и шаҳри Берлин доир шуда бо ғалабаи дастаи “Боруссия” бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.  Голҳои меҳмононро дар ин дидор Ҷейдон Санчо ва Торган Азар дар дақиқаҳои 15-ум ва 17-ум ба номашон мӯҳр заданд. Голи ягонаи футболбозони пойтахти Олмонро Владимир Дарида марбути номи худ сохт. Месазад қайд намуд, ки дастаи “Герта” чанду рӯз пеш аз ин Анте Човачро аз вазифа барканор карда, ба ҷои ӯ собиқ сармурабии мунтахабҳои Олмон, ИМА ва дастаи “Бавария” Юрген Клинсманнро ба вазифаи сармураббӣ таъин намуд.  Аввалин бозӣ барои мутахассиси олмонӣ бо мағлубият анҷом ёфт.  Дастаи “Боруссия” пас аз ин ғалаба як зина боло рафта, дар мавқеи панҷум қарор дорад. Тими “Герта” бошад баъд аз ин нокомӣ як зина паст рафта, дар таҳхонаи ҷадвал мавқеъ касб намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив