LIVE

Натоиҷи даври 4-уми Бундеслига

Пас аз танаффуси ду ҳафтаина рақобатҳои чемпионатҳои миллии кишварҳои аврупоӣ аз сар гирифта шуд. Рақобатҳои даври 4-уми Бундеслига се рӯз, яъне аз 13-ум то 15-уми сентябр идома карданд. Бозии нахустини ин давр миёни тимҳои “Фортуна” Дюсселдорф ва Волфсбург сурат гирифта дар он ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба қайд гирифта шуд. 
Бозии марказии давр бо иштироки ду тими пешсаф РБ “Лейптсиг” ва “Бавария” дар варзишгоҳи “Ред Булл Арена” баргузор шуда, дар он ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ба пирӯзӣ даст наёфтанд. Ҳисоби бозиро Роберт Левандовский дар дақиқаи сеюм кушод. Голи ҷавобиро мизбонон дар дақиқаҳои иловагии қисми якуми бозӣ заданд. Эмил Форсберг аз пеналтӣ ҳисобро як бар як кард.
Бозии дигари ҷолиби ин давр бо иштироки “Боруссия” Дортмунд ва “Байер” сурат гирифт. Дар он “занбӯрҳо” бо ҳисоби 4-0 рақибро дарҳам кӯбиданд. Аз ҳайати мизбонон голҳоро Пако Алкасер дақ.28,  Ройс дақ.50, Геррейру дақ.83 ва боз Ройс дақ.90-ум заданд.
Бозиҳои дигари ин давр ба таври зайл хотима ёфтанд:
“Хоффенхайм” – “Фрайбург” 0:3 (0:2, 0:1)
Голҳо: 0:1 – 11 Гюнтер, 0:2 – 38 Хаберер, 0:3 – 59 Петерсен.
“Падерборн” – “Шалке” 1:5 (1:1, 0:4)
Голҳо: 1:0 – 8 Каули, 1:1 – 33 Сане, 1:2 – 49 Сердар, 1:3 – 71 Харит, 1:4 – 83 Кутуджу, 1:5 – 85 Харит.
“Фортуна” – “Волфсбург” 1:1 (1:1, 0:0)
Голҳо: 1:0 – 16 Гисселманн, 1:1 – 29 Вегорст.
“Кёлн” – “Боруссия” М  0:1 (0:1, 0:0)
Гол: 0:1 – 14 Плеа.
“Унион” Берлин – “Вердер” 1:2 (1:1, 0:1)
Голҳо: 0:1 – 5, аз пеналти Классен, 1:1 – 14, аз пеналти Андерссон, 1:2 – 55 Фюллкруг.
“Аугсбург” – “Айнтрахт Ф” 2:1 (2:0, 0:1)
Голҳо: 1:0 – 35 Рихтер, 2:0 – 43 Нидерлехнер, 2:1 – 73 Пасиенсия.
“Майнс” – “Герта” 2:1 (1:0, 1:1)
Голҳо: 1:0 – 40 Квайсон, 1:1 – 83 Груйич, 2:1 – 88 Сен-Жюст.
Бо хотима ёфтани даври мазкур дар садри ҷадвал тағйирот ба чашм нарасид. Тими РБ “Лейптсиг” ҳоло бо 10 имтиёз пешсаф аст. “Боруссия” Дортмунд бошад ба ҷойи дуюм баромад. Дар ҳисоби шогирдони Люсен Фавр 9 имтиёз аст. Зинаҳои баъдиро “Фрайбург” ва “Бавария” ишғол мекунанд. Тимҳои “Герта” ва “Падерборн” бо як имтиёзӣ дар зинаҳои поёнии ҷадвал қарор доранд.
Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин Роберт Левандовский бо 7 гол пешсаф аст. Дар ҳисоби Пако Алкасер ва Тимо Вернер 5 голи буда, мутаносибан онҳо зинаҳои дуюму сеюмро банд кардаанд.
Ҳафтаи 5-уми рақобатҳои Бундеслига рӯзи 20-уми сентябр бо бозии “Шалке” ва “Майнс” шуруъ шуда, 4 рӯз идома мекунад. 
Тақвими бозиҳои даври 5-ум ба таври зайл аст:
20.09.2019|         Шалке      - : -    Майнс       -
21.09.2019|        Фрайбург - : -    Аугсбург   -
21.09.2019|        Герта         - : -    Падерборн        -
21.09.2019|        Байер        - : -    Унион Берлин  -
21.09.2019|        Бавария    - : -    Кёлн -
21.09.2019|        Вердер      - : -    РБ Лейпсиг       -
22.09.2019|        Боруссия М       - : -    Фортуна    -
22.09.2019|        Айнтрахт Ф       - : -    Боруссия Д        -
23.09.2019|        Волфсбург         - : -    Хоффенхайм    -

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив