LIVE

«Реал» намехоҳад Ҳакимӣ дар «Боруссия» боқи монад

Ситоди мураббиёни  «Реал» пешрафти дастпавари худ  дифогар-Ашраф Ҳакимиро дида, намехоҳанд то ӯ дар тими «Боруссия»  Дортмунд бозии худро идома диҳад.  Дар замони ҳунарнамоиаш дар Олмон арзиши футболбоз аз нигоҳи Transfermarkt наздик ба 9 маротиба боло рафта, аз 5 миллиони мавҷуда, ба  45 миллион евро расидааст. Дар доираи маслиҳати тарафайн, бозигари «Реал» мебоист дар «Боруссия» ба муҳлати ду сол ба ҳайси иҷора ҳунарнамоӣ мекард, аммо роҳбарияти бошгоҳи шоҳона мақсад доранд то ҳарчи зудтар муҳофизатгари худро дубора ба Мадрид баргардонанд. Ҳарчанд ҷониби «Боруссия» мехоҳад Ҳакимиро дар дастаашон боз як мавсими дигар нигоҳ доранд, аммо «Реал» пешниҳоди мазкурро қабул накардааст. Дар  «Мадрид» ҳунару истеъдоди Ҳакимиро аз футболбози дигари канории хеш  Алваро Одриосола болотар медонанд. Ба назари ситоди мураббиён муҳофизатгари ҷавони марокашӣ натанҳо ҷуфти сазовори Дани Карвахал дар канори ҷап, балки дар паҳлуи рости майдон низ хуб бозӣ карда метавонад.  Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Ашраф Ҳакимӣ бо пирҳони дортмундиҳо 17 маротиба ба майдон баромада, муаллифи 2 гол ва 6 партофти голвар гаштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив