LIVE

Примераи Испания дар рӯзҳои ахири трансферӣ чӣ таъғирот кард?

Ҳарчанд,ки «Барселона» то оихирин фурсатҳои бозори зимистона трансферӣ баҳри иваз намудани  Луис Суарес ҳамлавар ҷустуҷӯ менамуд,вале мо ахиран ягон ҳамлавари лозимаеро надидем. Як замон маълумоте пайдо шуд,ки нилунориҳо ҳамлавари тими  «Валенсия» Родригоро оварданиянд. Каталониҳо  мувофиқа намуданд,ки бозингари  «кӯршабпаракон»-ро ба тим меоранд.  Аммо баъдан гапе пайдо шуд,ки «Монако» барои бошгоҳи испанӣ     Виссама  Бен Йеддерро бар ивази  80 млн евро пешниҳод кардааст. Дар бораи оне,ки “монегаскҳо” беҳтарин ҳамлаварашонро бозпас ба Испания мефиристанд, куллан хабар дода нашуда буд.
«Вилрреал» бошад Пако Алкасерро аз «Боруссии» намуда, бо ҳамин рекорди трансфериро дар таърихаш созмон дод.
Алкасер пас дурахшонии хосса дар мавсими солҳои-2018/19  дар курсии эҳтиётӣ ҷойгузин шуд.
Шартномаи кории Алкасер бо    «субмаринаи   зард» то тобистни соли 2025 мӯлат дошта,футболбози испанӣ дар тими наваш рақами  17-ро интихоб намудааст. Трансфери Пако бошад барои «Вилярреал»  23 миллион  евро арзиш пайдо кард,ки ин албатта гаронтарин харидкунӣ дар таърихи ин бошгоҳ мебошад.
Пако Алкасер бошад дар мавсими солҳои-2019/20 Пако дар сафи «Боруссия» 15 дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, ҳафт гол задаву  ду партофти головар ирсоли ҳамдастагон намудааст.
Форварди «Локомотив» ва мунтахаби Россия Федор Смолов бошад ахиран ба орзӯи бозикуни  
топ-чемпионати аврупоӣ шуданаш расид. Ин нафар дар охирин рӯзҳои маҳкамшавии равзанаи трансферӣ бозингари “Селта”-и испанӣ шуд.
Смолов дар сафи тими наваш ба таври иҷора то тобистони соли 2020 баромад хоҳад кард», – иттилоъ дода шудааст дар сомонаи расмии роҳиоҳанчиён.
Дар чемпионати Россия дар мавсими солҳои-2019/20 Смолов   14 бозӣ гузаронидаву се гол задааст. Ҳамчунин дар ҳисоби Федор се партофти головар аст.  
«Селта» бошад айни ҳол дар минтақаи ҳазфии чемпионати Испания қарор дошта, ҷои 18-умро ишғол намудааст.
 Сармураббии тими  «Хетафе» Хосе Бордалас шикоят аз он кардааст,ки бошгоҳ ба нимҳимоятгари    «Реал» Браим  Диас пешниҳоди иҷора намуд,вале ин бозингар даст кашидааст.
«Милан» ва  «Севиля» бошанд дар навбати худ  трансфери нимҳимоятгар Сусоро дуруст намудаанд, менависад Marca. Андалусиҳо ин бозингарро ба мӯҳлати 18 моҳ ба иҷора гирифта, баъдан бо нархи  25 млн евро харидорӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив