LIVE

Охирин кӯшиши "Бавария" дар мавриди Зане

«Бавария»-и Мюнхен барои футболбози «Манчестер Сити» -Лерой Зане 40 млн € пешниҳод кардааст. 
Ҷониби бошгоҳи англисӣ то ба ҳол ба ин пешниҳод посух нагуфтаанд. Аммо шаҳриҳо бовар доранд, ки Зане мавсими ояндаро дар  «Бавария» мегузаронад. 
Ёдовар мешавем, ки чемпиони Бундеслига давоми 8 мавсими охир тобистони гузашта ин футболбозро бо арзиши 100 млн евро харидор буд, аммо ҳамлагари «Ман Сити» ҷароҳати сахт бардошту ин гузариш лағв шуд. 
Зане ба «Манчестер Сити» аз тими «Шалке-04» соли 2016 бо арзиши  52 млн  € гузариш намуда буд. 
Худи футболбоз низ барои гузаштан ба дастаи мюнхенӣ зид нест ва ҳатто дар мавриди шартномаи тарафайн маслиҳати худро пазондааст.  Дар ҳамин ҳол ду тими дигари Англия хоҳиши бастани шартномаро бо Занеро доранд. Қарордоди кунунии футболбози олмонӣ бо  “Манчестер Сити” то моҳи июни соли 2021 эътибор дорад.

Next Post

Комментарии 1

Санҷар
Санҷар от 22 июня 2020 16:57
Зане😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂😂

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив