LIVE

“ПСЖ” ба Мбаппе 160 млн ваъда кард

Бошгоҳи фаронсавии “ПСЖ” ба ҳамлагари ҷавони худ - Килиан Мбаппе шартномаи 5 сола пешниҳод кардааст, ки маошаш  32 млн евро дар як сол ташкил медиҳад. Директори варзишии парижиҳо Леонардо мақсад дорад то бо ҳар роҳу воситае, ки набошад, ҳамлагари 21 соларо дар даста нигоҳ дорад.  Агар Мбаппе ба ин пешниҳод розигӣ диҳад, дар маҷмуъ 160 миллионов евро маблағ ба даст меорад. Шартномаи феълии Мбаппе бо «ПСЖ» то моҳи июни соли 2022 эътибор дорад. Барои ба даст овардани ин ҳамлагари мунтахаби Фаронса як зумра клубҳои маъруфи аврупоӣ талош доранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив