LIVE

«Реал» дар талоши харидории бозигари нави 18-сола аз «Лилл»

«Реал»-и  Мадрид нисбати харидории эҳтимолии дифоъгари марказии   18-солаи «Лилл» Лени Йоро чораҷӯӣ мекунад. Дар ин бора Sport.es хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти манбаъ дар тими мадридӣ бар онанд, ки Йоро яке аз дифоъгарони ояндадори Аврупо хоҳад буд. Қайд карда мешавад, ки «бланкос» омодаи пешниҳоди қариб  30 млн евро аз барои ин футболбози 18-сола мебошанд.
«Лилл» ҳам дар навбати худ  мехоҳад, ки Йороро айнан ба   «Реал» фурӯшад на ба  «ПСЖ» дастае, ки нисбати ин бозигар чанд моҳи ахир таваҷҷӯҳи зиёде дорад.
Ёдовар мешавем, ки мавсими ҷорӣ  Йоро дар 32 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон омада, дар ҳисобаш се гол дорад. Қарордоди феълии бозигар бо бошгоҳ то тобистони соли 2025 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Йорро 25 млн евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив