LIVE

«Ливерпул» ва «Арсенал» дар талоши харидории ҳамлавари «Брайтон»

Нисбати ҳамлавари «Брайтон» Жуан Педро яку якбора ду топ-дастаи англисӣ даъвогар мебошанд. Дар ин бора журналист Экрем Конур дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter) хабар медиҳад.
Ба иттилоъи сарчашма «Ливерпул» ва «Арсенал» нисбати футболбози 22-сола таваҷҷӯҳ намуда, ҳардӯи грандҳо метавонанд дар равзанаи зимистонаи трансферӣ талоши харидории ҳамлавари бразилӣ намоянд.
Педро ба сафи «Брайтон» аз «Уотфорд» дар равзанаи тобистонаи трансферӣ бо арзиши 34,2 млн евро пайваста, мавсими ҷорӣ дар сафи  «турнаҳо» 26 бозӣ гузаронид ва бо 13 голу ду партофти голӣ аз майдон берун шуд. Шартномаи бозигар бо  бошгоҳ то охири моҳи июни соли 2028 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии Педро тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt  35 млн евро мебошад.
Пештар хабар дода шуд, ки сармураббии «Брайтон» Роберто Де Дзерби метавонад «Милан»-ро тамрин диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив