Ҳамлавари мисрии «Ливерпул» Муҳаммад Салоҳ метавонад бо тими англисӣ шартномаи нав имзо намояд.
Чӣ тавре журналист Экрем Конур дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, «Ливерпул» дар тамдидкунии шартнома бо Салоҳ то тобистони соли 2027 иштиёқманд аст.
Ёдрас мекунем, ки футболбози мисрӣ ба сафи «Ливерпул» аз «Рома» соли 2017 пайваста буд. Мавсими ҷорӣ Салоҳ дар сафи тими англисӣ 26 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, бо 16 голу 8 партофти голӣ аз майдон берун шудааст. Арзиши бозории бозигари 31-сола тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt 65 млн евро мебошад.
Айни ҳол мерсисайдиҳо дар зинаи аввали ҷадвали Премер-лигаи мавсими-2023/2024 бо 42 хол аз 19 бозӣ мебошанд. Бозии навбатии хешро «Ливерпул» рӯзи душанбе, 1-уми январ доир мекунад. Дастаи Клопп дар майдони хеш бо «Нюкасл» дар доираи бозии даври 20-уми ПЛА сар ба сар мешавад.
