«Интер»-и Милан нақшаи ба даст овардани дифоъгари канадагии «Брюгге»-и белгиявӣ Тажон Бушананро тариқи иҷора бо ҳаққи харидорӣ баррасӣ мекунад, иттилоъ медиҳад журналист Николо Скира дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter).
Бино ба иттилоъи сарчашма дифоъгари самти рост мехоҳад дастаи «Брюгге»-ро тарк намояд ва аллакай бо «Интер» оиди шартҳои шахсии қарордоди мӯҳлаташ то соли 2028 ба мувофиқа расидааст.
Мавсими ҷорӣ Бушанан дар сафи «Брюгге» 20 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гухзаронида, се голу чор партофти голӣ ба омор гирифтааст. Шартномаи бозигар бо тими белгиявӣ бошад то охири моҳи июни соли 2025 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз ба фарзияи сомонаи Transfermarkt 8 млн евро мебошад.
Пештар директори генералии «Интер» изҳор намуд, ки нисбати ин гузариш назари некбинона дорад.
