LIVE

"Реал" ду бозигари асосии "Жирона"-ро мегирад

Ҳамлавари «Жирона» Артём Довбик зери диққати роҳбарияти бошгоҳи «Реал» қарор гирифтааст. Бино ба маълумоти Realmadridexclusivo роҳбарияти тими «шоҳона» дар симои Флорентино Перес шахсан дар имзокунии шартнома бо нишонзани украинӣ иштиёқманд аст. Президенти «бланкос» аз бозии Довбик вақти бозии даври 24-уми Ла Лига шахсан пайгирӣ хоҳад кард.
Сарчашма қайд мекунад, ки бар замми ин боз як бозигари «Жирона» ба мадридиҳо писанд омадааст. Гап сари нимҳимоягари ҳуҷумкор Савио меравад.
Довбик мавсими ҷориро муваффақона дар «Жирона» гузаронида, дар 21 бозии чемпионати Испания муаллифи 14 гол ва панҷ партофти голӣ шудааст. Коршиносони сомонаи Transfermarkt бозигари украиниро 28 миллион евро нархгузорӣ кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив