LIVE

Арзиши ҳамлавари украинии «Жирона» маълум шуд

Агенти ФИФА Игор Кривенко оиди арзиши эҳтимолии ҳамлавари украинии «Жирона» Артём Довбик баҳри гузариш ба «Челси» сухан кард.
Дар гузариши футболбози 26-сола шахсан худи сармураббии   «кабудҳо» Маурисио Почеттино иштиёқманд аст.
«Жирона» ҳеҷ вақт Довбикро бо нархи  15 миллион евро намефурӯшад. Агар фурӯшад ҳам танҳо бо арзиши 30 миллион ва бештар за он. Артём — футболбози универсалӣ аст ва ба таври ҳирфавӣ бо сар бозӣ мекунад. Ҳамчунин ӯ аз ҷиҳати ҷисмонӣ қавӣ буда, голҳои зиёде ба самар мерасонад, пас медиҳад ва ҳамдастагонро эҳсос мекунад. Бар замми ин ӯ аз ҷиҳати зеҳнӣ рушдёфта аст. Агар чунин тавр рафтан гирад, ӯро яке аз грандҳои футболи ҷаҳонӣ интизор аст», — мерасонад суханони Кривенкоро «Спорт-экспресс дар Украина».
Мавсими ҷорӣ  Довбик 20 бозӣ гузаронида, ба задани 12 гол ва ирсоли 6 партофти голӣ даст ёфтааст.
Добвик ба сафи «Жирона» аз «Днепр-1» моҳи августи соли 2023 пайваста, аризиши гузариш   7,75 млн евро мебошад. Шартномаи бозигар то соли 2028 мӯҳлат дошта, сомонаи Transfermarkt ҳамлаварро  28 млн евро нархгузорӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив