LIVE

«Жирона» дигарбора ба садри ҷадвали Ла Лига баромад

Вохӯрии даври 17-уми Примераи испанӣ миёни тимҳои  «Жирона» ва «Алавес» дар варзишгоҳи  «Мунисипал де Монтиливи» дар Жирона бо пирӯзии бузурги мизбонон бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт.
Дар миёнаи нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 23-юм  ҳамлавари украинӣ Артём Довбик ҳисоби бозиро кушод ва  «Жирона»-ро ба пеш баровард. Сипас, дар дақиқаи 42-юм Порту бартарии соҳибони майдонро дучанд намуд. Нимаи дуюми рақобат, дар дақиқаи 59-ум ба дарвозаи «Алавес» зарбаи пеналти таъин карда шуд, ки Довбик онро ба гол табдил дод. Ҳамин тариқ, баъди голи дуюми бозигари украинӣ   «Жирона»   бо ҳисоби 3:0 аз пирӯзии хеш истиқбол гирифт. 
Испания - Примера. Даври 17-ум
19-уми декабри соли 2023, сешанбе. 01:00 ДШБ
Жирона (Жирона) 3 : 0 Алавес (Витория)
1:0 Довбик – 23'     2:0 Порту – 42'     3:0 Довбик – 59'    
Баъди ин бозӣ «Жирона» ба зинаи якуми ҷадвали чемпионати Испания баромада, пас аз 17 бозӣ дар ҳисобаш 44 хол дорад. «Жирона» аз «Реал», ки 42 хол дорад, пеш гузашт. «Алавес» бошад бо 16 хол дар зинаи 13-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив