LIVE

Чаро президенти «Реал» аз бозигари «Жирона» бахшиш пурсид?

Президенти «Реал»-и Мадрид Флорентино Перес аз футболбози «Жирона» Кристиан Порту маъзарат пурсид, муқобили нафаре, ки дифоъгари «бланкос» Начо Фернандес дар даври гузаштаи Ла Лига дағал бозӣ карда буд. Дар ин бора журналист Нил Сол дар «твиттер»-и хеш хабар дод.
Ба иттилоъи сарчашма, Перес шахсан ба бозигари испании «Жирона» занг зада, аз барои бозии дағали Начо бахшиш пурсидааст. Қайд карда мешавад, ки айни ҳол Порту дорои ҷароҳати начандон ҷиддии пой буда, дар умум худро хуб эҳсос мекунад.
Ёдрас мекунем, ки Фернандес дар бозии даври 8-уми чемпионати Испания бо поғеҷи дағал ба зонуи Порту зарба зада буд ва аз барои ин амалаш корти сурх гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив