LIVE

Бозигари собиқи “Реал”-ро ду сол аз футбол маҳрум мекунанд

Ҳимоятгари «Порту» Пепе метавонад барои зарба ба директори дастаи «Спортинг» дар бозии даври 22-юми чемпионати Португалия ба муддати тӯлонӣ аз футбол дур карда шавад. Хабар медиҳад A Bola. Дар хулосаи довар гуфта мешавад, ки Пепе директори «Спортинг»-ро лагадкӯб кардааст. Тибқи муқаррароти лига, Пепе метавонад аз ду моҳ то ду сол аз бозӣ маҳрум карда шавад. Ёдовар мешавем, ки  бозии «Порту» ва «Спортинг» бо занозании оммавии футболбозон анҷом ёфт.  Кариб хамаи бозингарони ин ду клуб ба чанг кашида шуданд. Дар натиҷа довари вохӯрӣ чор корти сурх нишон дод. Пепе аз соли 2019 дар тими "Порту" бозӣ мекунад. Вай бо ин даста то соли 2023 шартнома дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив