LIVE

Муҷозоти кумитаи доварони ФФТ нисбати Насрулло Кабиров

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи доварон баргузор шуд. Дар ҷамъомад доири ду ҳолати баҳснок баъди шикояти масъулини дастаи “Хатлон” дар вохӯрии даври 3-юми Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи “Истиқлол” таҳлилу баррасӣ карда шуд.
Баъди тамомошои навори бозӣ кумитаи доварони ФФТ ба чунин хулоса омад. Ҷаримаи таъинкардаи 11-метра аз ҷониби довари вохӯрӣ - Насрулло Кабиров ба дарвозаи “Хатлон” аз рӯи қоидаҳои футбол дуруст аст. Дарвозабони “Хатлон”- Куайе Годсон дар дохили ҷаримагоҳ муқобили футболбози ҳариф дағал бозӣ кард.
Оиди қисмати дуюм кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки довар дар дақиқаи 80-уми бозӣ нодуруст корти сурх (зарди дуввум)-ро нишон додааст.
Кумитаи доварони ФФТ аз Кумитаи назорат ва интизом дархост кард, ки корти сурх (зарди дуввум) -ро ки довари бозии Истиқлол – Хатлон (2: 2) Насрулло Кабиров ба бозигари “Хатлон” - Умарҷон Шарипов нишон дода буд, бекор кунад.
Илова бар ин, бо қарори кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон довар Насрулло Кабиров барои нодуруст нишон додани корти сурх (зарди дуюм) ба бозигари “Хатлон” аз доварӣ дар Чемпионати Тоҷикистон дар ду давра маҳрум карда шавад.
сарчашма: https://championat.tj

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив