LIVE

Сайёдҷон Зайниддинов ба руйхати доварони AFC шомил шуд


Довари 31 солаи тоҷик Сайёдҷон Зайниддинов шуруъ аз соли 2020 ба руйхати доварони КФО шомил мешавад. Конфедератсияи футболи Осиё бо як нома ба ФФТ тасдиқ кардаст, ки рефери FIFA аз Тоҷикистон марҳилаи охирини cанҷишро бо муваффақият гузаштааст. Дар ин марҳила вақте Сайёдҷон Зайниддинов бозии марказии даври 9-уми Лигаи олӣ байни дастаҳои "Кӯктош" ва "Хуҷандро" ҳакамӣ мекард, кори ӯро нозири қабулкунандаи КФО Абдулраҳмон Ал-Диловар аз кишаври Баҳрайн, аз санҷиш гузаронид. Ҳамакнун созмони бонуфузи футболи Осиё ӯро ба конфронси доварон, ки аз 17 то 21 ноябр дар Куала-Лумпур доир мегардад, даъват намудааст. Зайниддинов сеюмин довар аз Тоҷикистон аст, ки ба қатори доварони асосии КФО шомил мешавад. Ҳоло кишвари моро дар ин руйхати AFC, доварони FIFA- Насрулло Кабиров аз Норак, Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе намояндагӣ мекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив