LIVE

Доварони тоҷик ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 даъват шуданд

Доварони ФИФА аз Тоҷикистон - Насрулло Кабирови 34 сола ва Гулмуроди Саъдуллои 28 сола ба бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 даъват шудаанд. Насрулло Кабиров дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “С” миёни миллипӯшони Камбоҷа ва Гонконг ба ҳайси довари чорум таъйин шудааст. Бозии мазкур санаи 5-уми сентябр дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа доир мешавад. Гулмуроди Саъдулло бошад, дар вохӯрии дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Е” байни тимҳои миллии Афғонистон ва Бангладеш ҳамчун довари эҳтиётӣ даъват гардид. Баргузории ин вохӯрӣ санаи 10-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив