LIVE

Қаҳрамони бозии "Хатлон" ва "Истиқлол" Годсон шуд ё Насрулло?

Бозии марказии даври 3-юми Чемпионати Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо натиҷаи 2:2 ба анҷом расид.
Ҳисоби бозиро ҳанӯз дар дақиқаи 2-юми вохӯрӣ Парвиз Боқӣ-Охунов боз кард. Баъдан Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32-юм натиҷаро мусовӣ намуд, вале бо як бозигузории ҷолиб сарвони “Хатлон” - Умарҷон Шарифов дастаашро ба пеш баровард. Дар қисми дуюм то дақиқаҳои поёнии бозӣ мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Баъди оне, ки довар Умарҷон Шарифовро бинобар сабаби корти зарди дуюм аз майдон ронд, бартарии футболбозони “Истиқлол” дучанд шуд. Дар дақиқаи 90+3 доварӣ бозӣ баъди бархӯрди дарвозабон - Куайе Годсон ва ҳимоятгари “Истиқлол” Зоир Ҷӯрабоев зарбаи 11-метра таъин кард, ки онро Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонид.
Дар даври 4-ум “Истиқлол” дар майдони худ бо “Кӯктош” бозӣ мекунад ва “Хатлон” дар сафар бо “Локомотив-Помир” нерӯ месанҷад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм
«Истиқлол» – «Хатлон» – 2:2
Голҳо: Парвиз Баки-Ахунов, 9 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 32 (1:1). Умарҷон Шарипов, 45 (1:2). Манучеҳр Ҷалилов, 90+5 – аз пеналти (2:2).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив