LIVE

Пепе дархости русҳоро рад кард

Ҳамлагари "Гремио" Пепе аз гузаштан ба тими "Зенит"-и Санкт-Петербург худдорӣ кард. Дар ин бора рӯзноманигори бразилӣ Рафаэл Пфайфер дар "Twitter" –ри  худ хабар додааст. 
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти "Гремио" итминон доранд, ки Пепе то охири мавсим дар даста боқӣ хоҳад монд. Футболбоз намехоҳад дар Россия бозӣ кунад. Дар баробари “Зенит” инчунин “Порту” низ талош дошт, то ин футболбозро ба Аврупо орад. Аммо ба иттилои Рафаэл   онҳо ҳанӯз аз "Порту"  пешниҳод нагирифтаанд. 
"Зенит" ҳозир буд, ки барои Пепе ба "Гремио" бештар аз "Порту" пардохт кунад.  Ба ҳамлагари 23-сола  "Севиля" низ таваҷҷӯҳ дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив