LIVE

«Эвертон» ба харидории Эвертон наздик аст

 «Эвертон»-и Ливерпул ба харидории ҳамлавари бошгоҳи бразилии “Гремио” наздик аст. Бошгоҳи бразилӣ мехоҳад,ки аз фурӯши бозингари 23-солаи хеш қариб 40 миллион евро ба даст орад,аммо “ирисҳо” ният доранд,ки маблағи гузаришро каме поин фароранд-иттилоъ медиҳад Zero Hora.
Дар чемпионати Бразилия дар соли 2019 Эвертон 11 гол ва 5 партофи головар аз 30 бозиҳо вориди омори касбии хеш намуда, шартномаи ҳамлавари номбурда бо “Гремио”  то санаи 31-уми декабри соли 2023 дар назар гирифта мешавад.
“Гремио” дорои 50 фоизи дороӣ аз Эвертонро дошта,нимаи дигари фоизҳо бошад ба худи бозингар ва чанде аз сармоягузорон таалуқ дорад. 
 “Эвертон” дар чемпионати дохилӣ 30 хол дошта, айни ҳол дар зинаи дувоздаҳуми ҷадвали Премер-лигаи Англия ҷой гирифтааст. Дар 24 бозии сипаринамудаи беҳтарин лигаи дунёӣ тими “Эвертон”  8 пирузӣ, 6 мусовӣ  ва 10 бохт дар омор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив