LIVE

Ришарлисон шартномаро бо "Эвертон" тамдид кард


Ришарлисон, ҳамлагари дастаи "Эврертон" зери қарордоди нав бо дастаи "Эвертон" то соли 2024 имзо гузошт. Мавсуф ҳанӯз 16 моҳ пеш аз дастаи "Уотфорд" бо маблағи 40 млн фунт ба ин тим омада буд. То ҳол ӯ дар дастаи мазкур муаллифи 20 гол шуда, имкон ёфт то дар мунтахаби Бразилия ҳам 19 бозӣ анҷом диҳад. Моҳи гузашта хабарҳо паҳн шуд, ки барои харидории футболбози бразилӣ дастаи "Манчестер Юнайтед" таваҷҷуҳ намудааст, аммо баъди бастани шартнома Ришарлисон эътимоди ҳаводорони "Эвертон"-ро барои боқи мондан зиёд кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив