LIVE

Аввалин бохти Анчелотти бо «Эвертон»

«Манчестер Сити» дар даври 21-уми ПЛА бо дастаи «Эвертон» рақобат намуд. Бозии мазкур дар варзишгоҳи  «Иттиход» сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба поён расид. Дар дақиқаи 51-уми бозӣ  Габриэл Жезус ҳисобро кушод. Дере нагузашта ин ҳамлагари бразилии «Манчестер Сити» ба задани голи дуюми худ даст ёфт. Дар дақиқаи 71-уми бозӣ «Эвертон» аз иштибоҳи дарвозабони мизбонон Клаудио Браво истифода карда, як гол ба самар расонид. Ин аввалин нокомии «Эвертон» баъд аз омадани мутахассиси итолёвӣ Карло Анчелотти маҳсуб мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив