LIVE

Собиқ дастаи Роналду чемпиони Португалия шуд

Дар доираи бозиҳои даври 32-юми чемпионати Португалия  дастаи "Спортинг" дар майдони худ тими «Боавишту»-ро пазируфт. Ин вохӯрӣ, ки дар варзишгоҳи «Жозе Алваладе» доир гардид,  бо ҳисоби 1 бар 0  ба суди мизбонон  ба анҷом расид. Муаллифи голи ягонаи  рақобат дар дақиқаи 36-ум Поулинйо гардид.  Пас аз ин ғалаба "Спортинг" 82 имтиёз касб карда, қабл аз муҳлат  унвони қаҳрамонии кишварро  ба даст овард.  Ин дастаи шаҳри Лиссабон бори охир дар мавсими 2001/2002  ҷоизаи мазкурро ба даст оварда буд.   Дар таърихи худ "Спортинг" бори 19-ум  медали тиллои чемпионати Португалияро ба даст овардааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив