LIVE

Аввалин шикасти “Истиқлол” дар чемпионати Тоҷикистон

Бошгоҳи “Истиқлол”, ки се давр пеш аз хотимаи чемпионат унвони қаҳрамониро ба даст оварда буд, дар сафар аз КМВА мағлуб шуд. Дидори мазкур дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе сурат гирифта, бо  ҳисоби 1 бар 0 ба суди артишиҳо хотима ёфт. Муаллифи голи ягона дар дақиқаи 39-ум Мунир Давлатбеков гардид. Дар идомаи бозӣ бо вуҷуди кӯшишу талошҳои ҳарду ҷониб дигар  дастаҳо натавонистанд дарвозаи ҳамдигарро рахна созанд. Дар  дақиқаи 74-ум  Зоир Ҷӯрабоев бинобар гирифтани корти сурх аз идомаи рақобат маҳрум шуд ва  “Истиқлол” 10 нафара  бозиро идома доданд. Ҳамин тавр дастаи «Истиқлол» дар мавсими ҷорӣ бори аввал  дар Лигаи олӣ дучори бохт гардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив