LIVE

Аввалин ғалабаи “Истиқлол” дар Лигаи Чемпионҳои Осиё

Қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Лигаи Чемпионҳои Осиё бо барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Ӯзбекистон "Локомотив"-и Тошканд андари майдони рақобат гардид. Соли гузашта дар ҳамин марҳила “Истиқлол” аз намояндаи дигари футболи Ӯзбекистон – “АГМК” бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб гардида, аз ҳаққи идомаи иштирок бенасиб монд.  Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 0 бар 1 бар нафъи Чемпиони 8-каратаи Тоҷикистон хотима ёфт. Дар қисми аввали дидор бозии баробар ҷараён гирифта,  он бидуни гол анҷом ёфт. Ин боис гардид, ки дар дақиқаи 60-ум беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2019  капитани “Истиқлол” Алишер Ҷалилов аз масофаи дур бо зарбаи қавиву нишонрасаш дарвозаи ҳарифро рахна карда, ҳисобро боз намуд. Ин ғалабаи таърихии “Истиқлол” дар бонуфузтарин мусобиқаи бошгоҳии Осиё маҳсуб мешавад.     Барои аввалин бор иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Осиё “Истиқлол”-ро мебояд дар муборизаи навбатӣ бошгоҳи “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудиро мағлуб намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив