LIVE

“Истиқлол” маротибаи 9-ум чемпион шуд

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе се давр қабл аз хотимаи  чемпионати кишвар миёни дастаҳои Лигаи олӣ  унвони қаҳрамониро ба даст овард. Ин тими футболи шаҳри Душанбе дар даври 16-уми Лигаи олӣ дар сафар бо тими “Хатлон” неру санҷиданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Пахтакори Бохтар сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Голи якумро дар дақиқаҳои иловагии қисми аввали бозӣ Рустам Соиров боз намуд. Дар дақиқаи 47-уми  дидор     Кароматулло Саидов аз зарбаи ҷаримавии 11  метра   таносубро  барқарор сохт. “Истиқлол” бо шарофати ин мусовӣ маротибаи 9-ум дар тули таърихи хеш барандаи медали тиллои чемпионати кишвар гардид. Ёдовар мешавем, ки даста қаблан дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив