LIVE

“Истиқлол” дарвозаи “Душанбе-83”-ро голборон сохт

Бо рақобати дастаҳои “Душанбе-83” ва “Истиқлол” бозиҳои даври 1-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ хотима ёфтанд. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби бузурги 7:0 ба суди қаҳрамони феълии кишвар хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳои ғолибонро Вахит Оразсахедов, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев (дубл) ва Манучеҳр Ҷалилов (хет-трик) ба самар расониданд.
Дар даври дуюми Чемпионат рӯзи 11-уми апрел «Душанбе-83» бо «Локомотив-Помир» дидор анҷом медиҳад. Якшанбеи 12-уми апрел бошад, «Истиқлол» тими КМВА-ро меҳмондорӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин ҳунарнамоии дастаи «Душанбе-83» дар Лигаи олӣ мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив